Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии сатҳи баланд оид ба дипломатияи об

22.09.2025 20:25

22 сентябри соли 2025 дар ҳошияи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии сатҳи баланд оид ба дипломатияи об, ки муштаракан Тоҷикистон, Финландия ва Сенегал ташкил кардаанд, иштирок ва суханронӣ намуд. 

Дар суханронии худ С. Муҳриддин таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим, аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025, инчунин омодагӣ ба Конфронси оби Душанбе 2026 ва Конфронси оби СММ - 2028 дар Душанбе ҷалб намуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин омодагии кишварро барои ҳамкорӣ бо тамоми шарикони байналмилалӣ ҷиҳати табдили мавзуи об ба пули ҳақиқӣ барои ҳамкорӣ, рушди устувор ва сулҳ иброз намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим