10 сентябри соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин зимни сафари корӣ ба шаҳри Вена бо намояндаи доимии Конфедератсияи Швейтсария – раиси ояндаи САҲА дар соли 2026 ҷ-и Рафаел Негели мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария, инчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
Дар анҷом, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои созанда дар чаҳорчӯби афзалиятҳои раёсати Швейтсария дар САҲА, аз ҷумла дар самтҳои амният, ҳуқуқи инсон ва рушди устувор таъкид намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan