30 июли соли 2025 бо ташаббуси ҷониби амрикоӣ суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка Кристофер Ландау баргузор гардид.
Ҳамсуҳбатон сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба, ба вежа ҳамкориҳои иқтисодӣ, масоили мубрами минтақавӣ ва бисёрҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan