Муносибатҳои Тоҷикистон бо Испания

07.07.2022 11:00

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Испания 4 августи соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Испания дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Хорхе Урбиола Лопес (бо иқоматгоҳаш дар ш. Нур-Султон) мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Испания Ҷамшед Ҳомидов (бо иқоматгоҳаш дар ш. Женева, Швейтсария) мебошад.

Соли 2007 Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Испания – Мигел Ангел Моратинос дар давраи раисии Испания дар САҲА ба Тоҷикистон ташриф овард ва бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷӣ - Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот кард.

Зимни сафари навбатии Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Испания Мигел Моратинос ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010) дар баробари мулоқотҳои сатҳи баланд ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Испания ба имзо расид.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Испания дар соли  2020 – 3328,7 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил дод (танҳо воридот).

Пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Испания дар ҳоли ташаккул қарор дорад ва танҳо Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Испания (18.07.2010) имзо шудааст.

Июн 2022

Нигористон

Тақвим