30 майи соли 2025 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини Дабири кулли СММ ва Котиби иҷроияи UNESCAP хонум Армида Салсиаҳ Алисҷаҳбанаро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо UNESCAP бахусус дар бахши обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти ҳамкории ниҳоди мазкур бо вазорату идораҳои кишвар дар самтҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan