30 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар чорчӯби Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаевро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳким ва таъмиқи ҳамкориҳои бисёрсоҳавӣ дар доираи Созмони мазкур, аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тағйиёбии иқлимро баррасӣ намуда, аҳамияти талошҳои муштарак барои ҳифзи захираҳои табии минтақаро таъкид карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan