Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо ёвари дабири кулли СММ

30.05.2025 21:37

30 майи соли 2025 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ивана Живкович, ёвари дабири кулли СММ, муовини мудири Барномаи рушди СММ (UNDP) ва ҳамзамон директори минтақавии UNDP барои Аврупо ва кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро ба ҳузур пазируфт.

Аснои дидор ҳамсуҳбатон перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва UNDP табодули афкор намуда, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда ва имконоти густариши равобити тарафайнро дар соҳаҳои мухталиф матраҳ намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

 

Нигористон

Тақвим