28 майи соли 2025 дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби тоҷикистонӣ ҷаласаи XXXII-и Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти консулии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Дар нишаст инчунин намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот иштирокчиён масъалаҳои иҷрои муқаррароти Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои консулӣ аз 24 апрели соли 1963 ва конвенсияҳои дуҷонибаи консулиро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин, мубодилаи афкор оид ба ҳамкорӣ дар доираи Конвенсияи кӯмаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ аз 7 октябри соли 2002 сурат гирифт. Дар ин замина, дурнамои гузариш ба формати электронӣ дар хизматрасонии консулӣ, эътирофи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва имзоҳои электронии шахсони мансабдори мақомоти дахлдори кишварҳои узви ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan