27 майи соли 2025 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Селесте Сауло баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи мониторинги равандҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, инчунин иқдомҳои муштаракро дар самти мазкур баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи хос ба Конфронси байналмилалии дарпешистода оид ба ҳифзи пиряхҳо зоҳир гардид. Ҷонибҳо аҳамияти чорабинии мазкурро дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли муштарак барои ҳифзи захираҳои пиряхҳои минтақа таъкид намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan