Машваратҳои консулии Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе

27.05.2025 13:55

27 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе машваратҳои консулӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Ҳайати Тоҷикистонро cардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Баҳодур роҳбарӣ кард. Аз ҷониби Қирғизистон дар машваратҳо Директори департаменти хадамоти консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жумакадир уулу Сейтек иштирок намуд.

Дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, тартиби рафту омад ва будубоши шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои мубрами консулӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва идомаи муколамаи созанда таъкид намуданд.

Машваратҳо дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардиданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим