Дар бораи гуфтугӯи телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

26.05.2025 13:05

24 майи соли 2025 бо ташаббуси ҷониби Покистон гуфтугӯи телефонии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Cарвазир-вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Исҳоқ Дор баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Доир ба омодагӣ ба чорабиниҳои дар пешистодаи сатҳи олии байни ду кишвар диққати махсус дода шуд.

Вазирон инчунин оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим