Изҳори тасаллият дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон

30.04.2025 18:35

30.04.2025.18.32.jpg

30 апрели соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар китоби тасаллият, ки бинобар талафоти ҷонӣ бар асари инфиҷори шадид дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандар Аббос кушода шудааст, изҳори ҳамдардӣ баён кард.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон таъзияи амиқро ба наздикону пайвандони фавтидагон иброз намуда, ба осебдидагон таманнои шифои комил кард.  

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим