Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии сатҳи баланди кишвар оид ба об ва пиряхҳо дар СММ

22.03.2025 10:44

21 марти соли 2025 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид  чорабинии сатҳи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили нахустини Рӯзи байналмилалии пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об баргузор гардид.

Дар қисми ифтитоҳии чорабинӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Президенти Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ, намояндаи доимии Канада дар СММ Роберт Рей, Президенти Конфронси 42-юми Ассамблеяи ЮНЕСКО Симона-Мирела Микулеску, дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ профессор Селесте Сауло, муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA) Ли Ҷунхуа, Фиристодаи вежаи Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои об Ретно Л. П. Марсудӣ ва намояндагони дигар  кишварҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронии худ нақши калидии пиряхҳоро ҳамчун манбаи асосии оби ошомиданӣ барои миллионҳо нафар, бахусус дар Осиёи Марказӣ қайд карда, иброз дошт, ки пиряхҳои бузурги Тоҷикистон ҳамчун "бурҷи обии минтақа" хизмат мекунанд.

С.Муҳриддин бо истинод ба маълумоти нигаронкунандаи Созмони ҷаҳонии метеорологӣ таъкид кард, ки танҳо дар соли 2023 пиряхҳои ҷаҳон беш аз 600 гигатонна обро аз даст додаанд ва ин баландтарин нишондиҳанда дар 50 соли охир мебошад. Дар Тоҷикистон бошад, тақрибан 1300 пирях аллакай нобуд шудааст, ки ин боиси мушкилоти экологӣ, коҳиши манбаъҳои зиндагӣ ва заъиф шудани устувории минтақа мегардад.

Тазаккур дода шуд, ки Тоҷикистон ба ҳайси кишваре, ки захираҳои обии он ба пиряхҳо вобастагӣ доранд, аз таъсири манфии обшавии босуръати онҳо ва коҳиши ҳаҷми захираҳои обӣ нигарон аст. Тағйирёбии иқлим ҳеҷ марзеро намешиносад ва барои вокуниши муассир амалҳои ҳамоҳангшуда ва ҳамкориҳои васеи байналмилалӣ заруранд.  Дар ин росто, зарурати нигоҳ доштани рӯҳияи ҳамкорӣ ва идомаи тадбирҳои амалии натиҷаҳои Конфронси оби СММ 2023 таъкид гардида, аз кишварҳо ва шарикони байналмилалӣ барои омодагӣ ба чорабиниҳои муҳими оянда, аз ҷумла Конфронси оби 2026 дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Конфронси оби СММ 2028 дар Душанбе, даъват ба амал оварда шуд.

Зимни ёдоварӣ аз нақши Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои глобалӣ оид ба захираҳои об ва иқлим, платформаи "Раванди оби Душанбе" ҳамчун воситаи муҳими таҳкими мудирияти устувори об ва мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим арзёбӣ гардид. Инчунин ба ҳозирин дар бораи раванди тадорукотии Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (29 - 31 майи соли 2025, Душанбе) ва аҳаммияти ин ҳамоиш барои муҳокимаи роҳҳои ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ маълумот дода шуд. Ҳамчунин илова гардид, ки дар натиҷаи Конфронс, Эъломияи Душанбе, хулосаи ҳамраисон ва Даъвати Душанбе ҳамчун санадҳои ниҳоӣ қабул шуда, онҳо саҳми назаррасе дар рӯзномаи COP30 дар Бразилия хоҳанд гузошт.

Дар доираи ин ҳамоиш ҳамчунин ду панел баргузор гардид. Панели аввал ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бахшида шуд, ки дар он олимон ва сиёсатмадорон аҳаммияти пиряхҳо барои таъмин намудани захираҳои обӣ ва нақши онҳо дар нигоҳ доштани экосистемаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Панели дуюм, ки ба Рӯзи ҷаҳонии об марбут буд, ба аҳамияти мудирияти захираҳои об ва роҳҳои таъмини дастрасии устувор ба об, бо таваҷҷуҳ ба таъсири обшавии пиряхҳо ба дастрасии об, равона гардид.

Вазири корҳои хориҷии кишвар дар қисми ниҳоии чорабинӣ нақши боризи Тоҷикистонро дар таҳия, пешбарӣ ва татбиқи ташаббусҳои глобалии соҳаи об қайд намуда, зарурати идомаи ҳамкорӣ дар омодагӣ ба Конфронси обии СММ-2026 дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Конфронси обии СММ-2028 дар Душанбе таъкид кард. Дар ин росто зимни ироаи маълумот оид ба раванди тадорукотии Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (29 то 31 майи соли 2025  дар Тоҷикистон)  С. Муҳриддин кишварҳои узви СММ, доираи илмӣ, коршиносон ва ва ҷонибҳои манфиатдорро ба ҳамоиши мазкур даъват намуд.

Чорабинӣ бо суханрониҳои хотимавии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Маҷмаи умумии СММ, Филемон Янг анҷом ёфт, ки дар онҳо зарурати ҳаллу фасли мушкилот вобаста ба обу иқлим таъкид шуда,  омодагии ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мудирияти масоили об ва ҳифзи пиряхҳо иброз гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим