Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо муовини Дабири кулли СММ

22.03.2025 09:13

22.03.2025.09.12.jpg

21 марти соли 2025 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар ш. Ню Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ оид ба масоили ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид ва баргузории конфронсҳои дарпешистода аз ҷумла, Конфронси СММ бахшида ба ҷамъбасти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» соли 2028 дар Душанбе табодули афкор сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим