21 марти соли 2025 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва раиси Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ Филемон Янг баргузор гардид.
Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, амнияти байналмилалӣ ва мубориза бо терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои СММ ва кишварҳои узвро барои ҳалли самараноки ин чолишҳо таъкид карданд.
Ҳамзамон қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумӣ оид ба “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” бо ибтикори Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои варзиш, аз ҷумла футбол муҳим арзёбӣ гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan