Маросими супоридани эътимоднома ба Президенти Туркия

19.03.2025 19:30

19 марти соли 2025 cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайиб Эрдоган эътимодномаи худро супорид.

Зимни маросим сафири Тоҷикистон дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

Зимнан ҳавасмандии ҷонибҳо ба муҳиммияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим