Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

18.03.2025 19:33

BINO-VKKH.jpg

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз анҷоми музокироти Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон оид ба матни созишномаи сулҳ ва барқарории равобити байнидавлатӣ миёни ду кишвар истиқбол мекунад.

Мо итминон дорем, ки ҳарчи зудтар таҳкими ҳуқуқии ин санад як қадами муҳим дар роҳи мукаммал ва ба эътидол овардани равобити Озарбойҷону Арманистон буда, ба субот ва рушди минтақаи Қафқози Ҷанубӣ мусоидат мекунад.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим