14 марти соли 2025 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг бо иштироки cафир оид ба супоришҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ М. Ҷалолов ва роҳбари Котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо С. Бойзода баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳоро барои мизбонии нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 майи соли 2025, шаҳри Душанбе) идома медиҳад.
Таъкид карда шуд, ки ҳадафи Конфронси мазкур баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аҳаммияти пиряхҳо ва пешгирии обшавии босуръати он, пешбурди талошҳои глобалӣ барои рафъи обшавӣ ва таъсири густурдаи он тавассути амалиёти муштарак, навовариҳои илмӣ ва ҳамоҳангии амалҳои сиёсӣ мебошад.
Дар ин робита, ба иштирокчиён роҷеъ ба барномаи Конфронси ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла нишастҳои мавзуӣ, форумҳо ва чорабиниҳои канорию фарҳангӣ маълумоти муфассал манзур карда шуд.
Бақайдгирии иштирокчиёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз 15 марти соли 2025 оғоз мегардад.
Муфассал: https://dushanbeicgp2025.com/
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan