Президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Федератсияи Русия мераванд

14.03.2025 14:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16-17 марти соли 2025 ба Федератсияи Русия сафари расмӣ анҷом медиҳанд. 

Дар доираи сафар ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, амниятӣ, инчунин мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи ду ҷониб баррасӣ хоҳад шуд.

Дар назар аст, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои сарони давлатҳо як қатор санадҳо ба имзо расад.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим