7 марти соли 2025 дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба муносибати Рӯзи модар ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар суханронии табрикӣ роҳбари мақоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақш ва саҳми муассири бонувон дар рушди устувор ва дастовардҳои беназири Меҳани азизамон, имрӯз баръало эҳсос гардида, бонувони Вазорат низ дар ин ҷода ба ҳайси рисолатпешагони дипломатияи тоҷик ва умури давлатӣ фаъол ва ҳамзамон, ҳамчун пешбарандагони оилаҳои намунавӣ дар ҷомеа ҳастанд.
Зимнан изҳор гардид, ки модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату донишманд ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона ҳидоят мекунанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим, ба қадру манзалати падару модар, Меҳан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои мардуми худ хидмат мекунад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар дастгоҳи марказии Вазорат ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар тақрибан 40 дарсади дипломатҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд ва теъдоди умумии кормандони Вазорат аз ҳисоби онҳо беш аз 100 нафар мебошад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan