Муносибатҳои Тоҷикистон бо Литва

19.01.2024 09:10

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва 13 августи соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Литва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эгидиюс Навикас (аз соли 2023 бо қароргоҳаш дар ш. Остона  мебошад).

Заминаи рушди муносибатҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар рафти мубодилаи сафарҳои дуҷонибаи сатҳи олӣ гузошта шудааст.

Соли 2007 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Литва - Пятрас Вайтекунас ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуд. Зимни ин сафар ҷаноби Пятрас Вайтекунас бо  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон вохӯрд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Литва 11-13 феврали соли 2009 дар таърихи муносибатҳои тарафайн марҳилаи навро кушод. Ҳангоми ин сафар вохӯрии роҳбари давлат бо Президенти Литва В. Адамкус баргузор гардид.

Соли 2011 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Литва ба ҳайси раиси амалкунандаи САҲА - А. Аҷубалис аз Душанбе боздиди корӣ ба амал овард.

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду давлат панҷ созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад. Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва санадҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат ва сармоягузорӣ  ба имзо расидаанд.

Литва яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон  миёни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба ҳисоб меравад.

Ҳаҷми савдои Тоҷикистон бо Литва дар соли 2024 – 18 857,4  ҳазор доллари ШМА-ро ташкил додааст. Содирот 775,7 ҳазор доллари ШМА ва воридот 18081,7 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил дод.

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                            

 11.03.2025

Нигористон

Тақвим