Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ

03.03.2025 21:55

03.03.2025.17.07.jpg

3 марти соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Директори навтаъйини Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Уларбек Шаршеевро ба ҳузур пазируфт. 

Зимни мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавӣ ва мубориза бо “се қувваи бадӣ” – терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ табодули афкор намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин Уларбек Шаршеевро ба муносибати таъйин шуданаш ба вазифаи Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай табрик гуфта, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидати ҳамаҷониба ҳангоми иҷрои вазифааш иброз намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим