26 феврали соли 2025 дар шаҳри Тунис дар ҳошияи иҷлоси 45-уми Шурои иҷроияи Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) мулоқоти ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ бо Директори генералии ИСЕСКО Салим бинни Муҳаммад ал-Малик сурат гирифт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону ИСЕСКО-ро дар бахшҳои илм, маориф ва фарҳанг мубодилаи афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи барномаву лоиҳаҳои муштарак дар чаҳорчӯби созмони мазкур иброз намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan