Мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо

19.02.2025 21:34

19 феврали соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар мулоқоти маҷозии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо муовини директори идоракунандаи EEAS оид ба Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва САҲА Люк Девин иштирок кард.

Аснои нишаст мубодилаи афкор перомуни масоили мубрам ва самтҳои дурнамодори ҳамкориҳои байниминтақавӣ сурат гирифт. Мусоҳибон аз ҷумла нақшаи чорабиниҳои муштаракро барои соли 2025 баррасӣ намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим