Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи Сафири Подшоҳии Испанияро қабул кард

18.02.2025 22:52

18 феврали соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Испания дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Луис Франсиско Мартинес Монтесро қабул намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавриди масоили мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Испанияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Луис Мартинес Монтесро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик намуда, дар рисолати дипломатияш комёбиҳо таманно намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим