Қабули нусхаи эътимодномаи сафири Босния ва Ҳертсеговина

18.02.2025 18:32

 

18 феврали соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини  Босния ва Ҳертсеговина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Теҳрон) Нияз Чардаклияро қабул кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳои дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ  табодули назар карданд.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ сафири Босния ва Ҳертсеговинаро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик гуфта ба ӯ дар фаъолияти корӣ барору комёбӣ таманно намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим