Қабули нусхаи эътимодномаи сафири Австрия

29.01.2025 15:21

29 январи соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин нусхаи эътимодномаи cафири навтаъйини Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Андреа Бахерро қабул намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Австрия дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат, энергетика, сайёҳӣ ва амният баррасӣ шуда, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба сафири Австрия дар фаъолияти минбаъдаи дипломатияш дар Тоҷикистон барору комёбӣ таманно кард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим