27 январи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон Вилли Кемпелро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва САҲА мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои марбут ба чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланди дарпешистодаро матраҳ намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan