Тибқи консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-24 январи соли 2025 дар Минск таҳти раисии сардори раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода машваратҳои сиёсӣ бахшида ба такмили фаъолияти ИДМ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ атрофи масъалаҳои имкони муносибтар гардонидани раванди қабули қарорҳо, таҳкими заминаи инстутсионалии ҳамкориҳо, таҷдиди ҳадафу вазифаҳо, инчунин заминаи меъёриву ҳуқуқии Иттиҳод табодули афкори пурмуҳтаво сурат гирифт.
Роҳбарони воҳидҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ ҳамчунин масъалаи татбиқи ташаббусҳои ироагардидаи сарони давлатҳоро баррасӣ карданд.
Аз натиҷаи машваратҳо бобати идома додани раванди музокирот бахшида ба такмили Иттиҳод дар рафти раёсати Тоҷикистон дар ИДМ мувофиқа ҳосил гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan