Муносибатҳои Тоҷикистон бо Нидерланд

18.01.2024 10:10

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Нидерланд

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд 27 июли соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия ҳамзамон Сафорати ғайримуқими кишвар дар Подшоҳии Нидерланд маҳсуб мешавад. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд Музаффар Ҳусейнзода мебошад.

Қароргоҳи Сафорати Подшоҳии Нидерланд дар Тоҷикистон дар ш. Остона Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад. Сафири Фавқуллода ва Мухтори Подшоҳии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Николаас Схермерс мебошад.

Муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвар дар марҳилаи густариш қарор доранд. Тоҷикистон Нидерландро шарики муҳими худ дар арсаи Аврупо ва байналмилалӣ дониста, ба густариши муносибатҳои байни кишварҳои мо дар заминаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба манфиатдор аст.

Ҷаласаҳои машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Нидерланд қолаби муҳими ҳамкориҳо ба ҳисоб меравад.

Ҳамкориҳои давлатҳои мо дурнамои хуб доранд ва ҷониби Тоҷикистон хоҳони истифодаи фарогири имкониятҳои истифоданашуда аст.

Тоҷикистон Нидерландро шарики иқтисодӣ дида, муносибатҳои дуҷониба тавассути ҳамкориҳои судманд дар бисёр самтҳои эҳтимолии таҳким ёфта истодаанд.

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2023 ҳаҷми тиҷорати мутақобила 14,908 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.

Ба мақсади тақвият ва густариши робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ Подшоҳии Нидерланд Консулгарии фахрии худро дар Душанбе ифтитоҳ кардааст.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Нидерланд дар бахши илм ва маориф асосан тавассути барномаи Эразмус+ ва дигар барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ба роҳ монда шудаанд. Илова ба ин, Ҳукумати Нидерланд ҳамасола ба дипломатҳои ҷавон барои гузаштани давраҳои омӯзишӣ дар яке аз беҳтарин марказҳои сиёсию дипломатӣ - Академияи дипломатии Клингендали Шоҳигарии Нидерланд бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо менамояд.  Дар Подшоҳии Нидерланд ду созмони тоҷикон, аз ҷумла Ҷамъияти "Сомониён" ва "Конуни Рӯдакӣ" фаъолият менамоянд.

Тоҷикистон ва Нидерланд узви як қатор созмонҳои байналмилалӣ буда, миёни кишварҳо дар чаҳорчӯбаи СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, ҳамкориҳои хуб ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҷониби Нидерланд дастгирӣ ёфта, 22-24 марти соли 2023 Тоҷикистону Нидерланд Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028-ро дар Ню-Йорк баргузор намуданд.

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ду давлатро созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                           Ноябр, 2023

Нигористон

Тақвим