8 ноябри соли 2024 дар шаҳри Ашқобод Конфронси вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавзуи "Барҳам додани бешаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ" барпо гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин иштирок намуд.
Дар рафти Конфронс роҳбари ҳайат оид ба тадбирҳои Ҳукумати кишвар бобати барҳам додани бешаҳрвандӣ изҳори назар карда, омодагии ҷониби моро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт бо Созмони Милали Муттаҳид баён дошт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan