Муносибатҳои Тоҷикистон бо Люксембург
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳертсогии Бузурги Люксембург 22 майи соли 1992 барқарор шудаанд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия ҳамзамон Сафорати ғайримуқими кишвар дар Люксембург маҳсуб мешавад. Қароргоҳи Сафорати Люксембург дар Тоҷикистон дар ш. Москва мебошад.
Сафарҳои расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар далели таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар мебошад.
Аз давраи барқарорсозии робитаҳои дипломатӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба солҳои 2004 ва 2011 ба Люксембург сафар намудааст. Дар рафти сафарҳо мулоқотҳои муфиду созанда бо Ҳертсоги Бузург Ҳенрӣ ва як қатор ашхоси расмӣ, инчунин доираи соҳибкорони Люксембург анҷом дода шуда, музокирот доираи васеи мавзӯъҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Люксембург, ҳамкориҳои минтақавӣ, амният, масъалаҳои обу энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд.
Мубодилаи сафарҳои расмӣ ва боздидҳои мақомҳои дигар, аз ҷумла сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Люксембург ба Душанбе, инчунин ҳамкориҳои зич дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ба густариши бештари муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Люксембург такони тоза бахшиданд.
Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Люксембург дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат дар марҳалаи оғоз қарор дошта, он бештар бо Бонки сармоягузории Аврупо, ки мақарраш Люксембург аст пиёда мегардад.
Соли 2010 бо ташаббуси муштараки Тоҷикистон ва Дастгоҳи Сарвазиру Вазорати корҳои хориҷии Люксембург дар шаҳри Люксембург ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Люксембург таъсис дода шудааст ва он ба феҳристи ташкилотҳои ҷамъиятии Ҳертсогии Бузурги Люксембург ворид карда шудааст.
Ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, ИА ва ғайра ҳамкорӣ мекунанд.
Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду давлат созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад.
Январ, 2024