5 ноябри соли 2024 дар шаҳри Ал-Кувайт дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Таҳкими ҳамкории байналмилалии зиддитеррористӣ ва бунёди механизмҳои самараноки бехатарии сарҳадӣ – марҳилаи кувайтии Раванди Душанбе» вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва амниятӣ, инчунин рафти татбиқи лоиҳаҳои марбутаи Иттиҳоди Аврупоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тарафҳо инчунин роҷеъ ба хатару чолишҳои амниятӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan