Мулоқот бо ноиби Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA)

05.11.2024 19:50

5 ноябри соли 2024 дар ш.Сеул дар ҳошияи сафари корӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо ноиби Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) Ҳонг Сок Ҳва баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо KOICA дар татбиқи тарҳҳои мухталиф, аз ҷумла, дар самти энергетика, нақлиёт, саноат, рақамикунонӣ, идоракунии давлатӣ ва рушди инсонӣ баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин аз ноиби Президенти KOICA Ҳонг Сок Ҳва барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват ба амал оварда шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим