Мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Корея

04.11.2024 18:06

4 ноябри соли 2024 дар ш.Сеул дар ҳошияи сафари корӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Ким Ҳонг Кюн баргузор шуд.

Зимни вохӯрӣ масоили марбут ба густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, инчунин таҳкими заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ муҳокима гардид.

Ҷонибҳо зарурати густариши минбаъдаи равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ-техникӣ, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ, муҳоҷирати корӣ ва тақвияти мушорикат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро таъкид намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим