Муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо соли 1992 оғоз ёфта, бо ифтитоҳи Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо соли 2001 ва Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2009 Намояндагии Иттиҳоди Аврупо) соли 2004 фаъол гардиданд.
Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба ду ҳуҷҷати стратегӣ асос меёбанд: 1. Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ (СШҲ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки соли 2004 ба имзо расида, моҳи январи соли 2010 ба қувваи амал даромадааст, ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро танзим менамояд. 2. Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, ки соли 2019 қабул гардид, равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро танзим менамояд. Ба мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2019 мукаммал намудани пояи ҳуқуқии муносибатҳоро дар заминаи имзои Созишномаи тавсеаёфтаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо пешниҳод намуд, ки амалисозии он дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.
Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо буҷаи махсус барои солҳои муайян қабул мешавад, ба рушди бахшҳои мухталиф дар Тоҷикистон, алалхусус маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об, идоракунии сарҳадот, мубориза алайҳи маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва нақлиёту коммуникатсия мусоидат мекунад.
Ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, қолабҳои гуногуни ҳамкорӣ дар саттҳҳои дуҷониба ва бисерҷонибаи муносиботи ҷонибҳоро пеш мебаранд.
Ҷаласаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо - абзори наве мебошад, ки октябри соли 2022 нишасти якумини он дар шаҳри Остона бо иштироки бо иштироки роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ ва минтақавӣ, кишоварзӣ, нақлиётию логистикӣ, энергетика, ҳамкорӣ дар самти “нерӯи сабз” ва ғайра баррасӣ мешаванд.
Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо абзори асосии дуҷониба ба ҳисоб рафта, зимни нишастҳои он самтҳои калидии ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар мавзӯоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳуқуқи инсон ва масоили байналмилалию минтақавӣ баррасӣ мегарданд.
Ҳамчунин, ҳамасола ҷаласаҳои Кумитаи ҳамкорӣ ва Зеркумитаи рушди ҳамкорӣ, Муколамаи ҳуқуқи инсон ва Кумитаи ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мунтазам баргузор карда мешаванд.
Дар ин ҷаласаҳо густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, энергетика, муҳити зист, об, волоияти қонун, ҳуқуқи инсон ва раванди пайвастани Тоҷикистон ба Барномаи умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP+) баррасӣ мешаванд.
Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2019 қабул шудааст, равобити бисёрҷонибаи Иттиҳодро бо Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор мушаххас мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои минтақавии Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятӣ, Анҷумани иқтисодӣ ва Форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ҳамасола барпо мегарданд.
Дар Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибот ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ байни Осиёи Марказӣ ва Аврупоро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, миҳити зист, тағйирёбии иқлим муҳокима карда, перомуни масоили умдаи байналмилалӣ табодули андеша мекунанд.
Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятӣ ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро дар масоили сиёсиву амниятӣ, бахусус вазъи Афғонистон, мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, барномаҳои мудирияти сарҳадоту гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҳифзи муҳити зист дар бар мегирад.
Дар нишасти Анҷумани иқтисодии байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкории давлатҳои ду минтақа бо ҷалби бахшҳои хусусӣ дар мавзӯоти марбут ба иқтисоду сармоягузорӣ бо таваҷҷуҳ ба рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳсу баррасӣ мешаванд.
Форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шакли озод баргузор гардида, иштирокчиён дар мавзӯъҳои гуногуни соҳавӣ суҳбат менамоянд. Аз ҷумла, намояндагони ду минтақа бобати нақш ва саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули давлат, аҳаммияти равиши ҳамгироӣ барои сохтани ҷомеаи устувор бо таваҷҷӯҳ ба гурӯҳҳои осебпазир, аз қабили ҷавонон, занон, маъюбон, зарурати густариши ҳамкорӣ дар татбиқи тарҳҳои муштарак дар бахши рақамисозӣ, маориф ва тандурустӣ ибрози андеша менамоянд.
Ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар самти маориф дар доираи барномаҳои Темпус, Эразмус Мундус ва Эразмус+-и Иттиҳоди Аврупо, ки барои ба ҳам овардани донишгоҳҳои Тоҷикистону Аврупо ва амалисозии барномаҳои таҳсиливу табодули донишҷӯён мусоидат мекунанд, сурат мегирад.
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббуси Иттиҳоди Аврупо форуми “Дарвозаи ҷаҳонӣ” (Global Gateway). ИА ният дорад, ки то соли 2027 тавассути Global Gateway дар саросари ҷаҳон 300 миллиард еврои иловагӣ сармоягузорӣ кунад. Аллакай, Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиё ва Африқо як қатор созишномаҳо имзо кардааст. Технологияҳои рақамӣ, энергетика ва иқлим, нақлиёт, тандурустӣ, маориф ва тадқиқот панҷ самти асосии сармоягузории Аврупо дар доираи ин ташаббус мебошанд. Тоҷикистон дар чорабиниҳои сатҳи баланд, форумҳо, панелҳо ва мулоқот вобаста ба ин масъала ширкат мекунад.
Ҳамкориҳо дар соҳаи тақвияти сарҳад ва мубориза бар зидди маводди мухаддир. Дар чаҳорчӯби барномаҳои мушаххаси байниминтақавӣ дар роҳи пешгирии таҳдидҳо, Иттиҳоди Аврупо аз соли 2003 инҷониб баҳри таъмини амнияти минтақавӣ якчанд лоиҳаро дар чаҳорчӯби «Барномаи мусоидат ба идораи марзҳои Осиёи Марказӣ» (БОМКА) ва «Барномаи пешгирии маводди мухаддир ба Осиёи Марказӣ» (CADAP) амалӣ менамояд.
Дар рушди муносибатҳои ҳарду ҷониб сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо (шаҳри Брюссел) ва Намояндагони олии Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон нақши муҳим доранд.
Ноябр, 2023