Вохӯрӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус

12.10.2024 10:33

12.10.2024.10.26.jpg

11 октябри соли 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Игор Назарук мулоқот анҷом кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷонибаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Беларус иқомат доранд, мавриди муҳоикма қарор доданд.

Ҳамзамон, ҳамкории мутақобилаи Тоҷикистону Беларус дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ гардид. 

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим