10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ – иштирокдорони Конференсияи байналмилалии парлумонӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтанд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумониро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот оид ба қабули санади муҳиму тақдирсоз – Конститутсия ва нақши он дар рушди парламентаризми давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Пешвои миллат қабули Конститутсияро яке аз қадамҳои аввалин ва устувори ҷомеаи мо дар роҳи ислоҳоти сиёсӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон номиданд.
Зикр гардид, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият кишвари мо бо мушкилоти азими сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд.
“Дар чунин шароити мураккаб иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки роҳбарияти нави кишварро интихоб намуд, ба ваҳдати миллӣ асос гузошта, роҳро ба сӯи ҳаёти осоишта, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва қонуният дар кишвари мо боз намуд”, - таъкид намуданд Сарвари давлат.
Таъкид гардид, ки Конститутсияи нави аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда, Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ кард.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Конститутсияи навро дар барпосозӣ ва рушди низоми комилан нави парламентаризми миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки Парлумони Тоҷикистон ба ҳамаи талаботи парламентаризми байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар арсаи байналмилалӣ фаъолона баромад мекунад ва пайваста робитаҳоро бо парлумонҳои кишварҳои дигар мустаҳкам менамояд.
Ба иштирокдорони мулоқот муроҷиат карда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “кишварҳои шумо низ дар сафи шарикони наздик, боэътимод ва боварибахши мо қарор доранд”.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба ҷанбаҳои муҳими ҳамкории кишварҳо, аз қабили робитаҳои башарӣ, дар асоси умумияти фарҳангиву таърихӣ андешаронӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки мақомоти қонунгузори кишварҳои мо метавонанд барои инкишофи созандаи ин раванд мусоидати ҷиддӣ намоянд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки тавассути гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 80 парлумони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии парлумонӣ робита барқарор намуда, онҳоро рушд дода истодааст.
Аснои суханронӣ ба ҳамкории парлумонҳо дар доираи ниҳодҳои байналмилаливу минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар робита ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти кишвар ҳамкории зичро барои ҳифзу таҳкими сулҳу субот ва таъмини некуаҳволии мардумони кишварҳои мо зарур шумурданд.
Дар фароварди сухан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки чорабиниҳои имрӯза барои муайян кардани уфуқҳои нави шарикии васеи кишварҳо хидмат хоҳад намуд.
https://president.tj/event/news/48032