Мулоқот ва машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия

10.10.2024 16:56

10 октябри соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ҳайати туркиро бо роҳбарии директори генералии Департаменти Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Гокҳан Туран ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ доир ба вазъи кунунӣ ва тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Туркия табодули афкор сурат гирифт.Саҳми машваратҳои сиёсӣ дар густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баланд арзёбӣ гардида, ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати таҳкими бештари муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.

Худи ҳамон рӯз дар Душанбе давраи навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор шуданд.   

Зимни машваратҳои сиёсӣ атрофи масъалаҳои вобаста ба тамосҳои сиёсӣ, таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, татбиқи имкониятҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим