4 октябри соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масаки Ишикаваро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопонро дар бахши иқтисодиву иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо ва робитаҳои илмию фарҳангӣ, татбиқи санадҳои қаблан имзошуда, амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак ва ҳамчунин таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» муҳокима гардиданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan