Чорабинии канории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Иҷлоси 57-уми Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ

03.10.2024 16:27

2 октябри соли 2024 дар ҳошияи Иҷлоси 57-уми Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева чорабинии канории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони “Ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқ барои рушд” баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони кишварҳои узви Шӯрои ҳуқуқи инсон, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва коршиносони соҳа ширкат варзиданд.

Зимни суханронии худ намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода таъкид намуд, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии инсон ва маърифатнокии онҳо як қатор чораҳои амалӣ қабул гардидааст, аз ҷумла доир ба қабули “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025”, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқи” ва қабули қонуни кишвар “Дар бораи танзими ҷашну маросим” суханронӣ намуда, доир ба ташабуссҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим, ки ба рушди ҳуқуқи инсон ва алалхусус ҳуқуқ барои рушд равона шудаанд, маълумот пешниҳод намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим