2 октябри соли 2024 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Анатолий Линевич мулоқот намуд.
Дар ҷараёни сӯҳбати созанда ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба ҳолати мусбати гардиши мол ва дурнамои рушди ҳамкорӣ, аз ҷумла мусоидат ба рушди робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкорӣ, тақвияти алоқаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ равона гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ тарафҳо ба равобити наздик ва дӯстии байни ду давлат таъкид намуда, омодагии муштаракро барои тақвият додани шарокати стратегӣ изҳор доштанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan