Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус

09.08.2016 10:21

9 августи соли 2016 дар ҳошияи Ҳамоиши байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария”, мулоқоти дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аслов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус В. Рибаков доир гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои манфиатбахши дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи хоса ба густариши робитаҳои байни ниҳодҳои хориҷии ду ҷониб, рушди ҳамкории иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак инчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ зоҳир карда шуд.

Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим