19 сентябри соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Лондон қарор дошт, бо муовини котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Ҳамиш Фалконер мулоқоти дуҷониба анҷом дод.
Дар суҳбати мазкур ду ҷониб атрофи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳитизистӣ табодули афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan