Мулоқот бо вазири федеролии мудофиаи Покистон

19.09.2024 10:55

18 сентябри соли 2024 мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Покистон Юсуф Шарифзода бо вазири федеролии мудофиаи Покистон Хавоҷа Муҳаммад Осиф баргузор шуд.

Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Покистон, бахусус дар соҳаҳои иқтисодӣ, авиатсияи гражданӣ, амниятӣ ва низомии техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо вобаста ба вазъи имрӯзаи низомию сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон, ки ба ҳолати амниятии минтақа таъсири бевосита мерасонад, ҳамчунин дигар масъалаҳои хоси мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор анҷом доданд. Таъкид гардид, ки Покистон талошҳои Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа самарабахш арзёбӣ мекунад.

Дар рафти суҳбат инчунин муҳиммияти татбиқи лоиҳаи энергетикии “CASA-1000” барои кишварҳои минтақа қайд карда шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим