Мусобиқаи футбол барои "Ҷоми сафорат" ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

17.09.2024 17:33

Аз 11 то 13 сентябри соли 2024 дар шаҳри Минск мусобиқаи футбол барои "Ҷоми сафорат" бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ дар ростои ҷонибдорӣ аз ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба эълон гардидани «Рӯзи ҷаҳонии футбол», ки бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ташкил карда шуд.

Мусобиқа бо ташаббуси намояндагии дипломатӣ дар майдони варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 ба номи Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Домулло Азизов дар шаҳри Минск доир гардид. Дар мусобиқа ҳашт даста иборат аз ҳамватанон ва донишҷӯёни муқими Беларус ширкат варзиданд.

Дар бозии ниҳоии ҳаяҷонбахш дастаи "Зарафшон", ки намояндаи диаспораи тоҷикон буд, дар муборизаи шадид дастаи донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи миллии техникии Беларусро (БНТУ) мағлуб кард.

Рақобат барои ҷойи сеюм низ шавқовар буд, ки дар он дастаи "Дӯстӣ", ки он ҳам аз намояндагони ҷамъияти тоҷикон иборат буд, бо дастаи "Авиатсия", ки аз донишҷӯёни Академияи давлатии авиатсионии Беларус иборат буд, вохӯрданд. Дар ин бозӣ ғалабаро авиаторҳо ҷашн гирифтанд.

Мусобиқа дар рӯҳияи рақобати солим ва дӯстӣ баргузор гардид, ки ба мустаҳкам намудани робитаҳо байни ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷик дар Беларус мусоидат намуд.

Иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Сафарзода Бахтовар бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим