12 сентябри соли 2024 дар шаҳри Давҳа мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо вазири давлатӣ доир ба ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Қатар Лулва бинт Рошид Ал-Хотир баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои густаришу тақвияти ҳамкории ниҳодҳои дахлдори ҳукуматӣ ва бахши хусусии Тоҷикистону Қатарро баррасӣ намуданд.
Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, аз ҷумла таъсиси марказҳои забономӯзӣ, табодули донишҷӯён дар чорчуби созишномаи байнидавлатӣ аз масоили мубрами вохӯрӣ буд.
Ҳамзамон атрофи ҳамкориҳои судманди ду кишвари дӯст дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan