Нишасти илмиву адабӣ бахшида ба Тоҷикистон дар Машҳад

16.09.2024 18:15

13 сентябри соли 2024 бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва Муассисаи фарҳангии «Хирадсарои Фирдавсӣ» дар шаҳри Машҳад бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон нишасти илмиву адабӣ таҳти унвони “Биёрой рӯи заминро ба меҳр” баргузор гардид, ки дар он намояндагони илм, адаб ва фарҳанги Машҳад ва вилояти Хуросони Разавӣ ширкат варзиданд.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Н. Зоҳидӣ дар суханронии худ саҳми бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат, таҳкими пояҳои Истиқлолият ва давлатдории миллиро таъкид кард ва ташаккули фарҳанги тамомиёри миллиро дар Тоҷикистон яке аз самараҳои Истиқлолият қаламдод кард.

Донишмандони маъруфи эронӣ Муҳаммаҷаъфари Ёҳақӣ, Амир Илҳомӣ, Алиашрафи Шабистарӣ, Ризо Ашрафзода ва дигарон дар суханрониҳои худ, бо таъкид ба дастовардҳои азими Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият, рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Эронро  заминасози равобити дӯстиву шарокати ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг номиданд.

Дар идомаи нишаст аз ҷониби шоирони эронӣ Амир Шаҳло, Абӯтолиб Музаффарӣ, Мошоаллоҳ Халилӣ ва дигарон шеърҳо дар васфи Тоҷикистон ва дӯстии мардумони Тоҷикистону Эрон қироат шуданд.

Дар фарҷоми барнома шумораи 54-уми фаслномаи илмиву фарҳангии “Пож” рӯнамоӣ гардид, ки он ба дастовардҳои адабиёти муосири тоҷик дар даврони Истиқлолият ва хотираи ду донишманди барҷастаи Тоҷикистон – Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Худоӣ Шарифзода бахшида шудааст.

Ҳамчунин китоби адабпажӯҳи номвари тоҷик Расул Ҳодизода - “Рӯдакии дур аз наздик”, ки аз охирин навиштаҳои устоди зиндаёд буда ва ахиран аз ҷониби «Хирадсарои Фирдавсӣ» ба нашр расидааст, ба ҳозирин рӯнамоӣ гардид.

Нигористон

Тақвим