13 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон дар масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ, инчунин оид ба ташхиси (инвентаризатсия) заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ доир гардид.
Ҳайатҳои ҷонибҳоро роҳбарони воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арманистон роҳбарӣ карданд.
Зимни машваратҳо масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ муфассал муҳокима гардида, табодули таҷриба дар самти фаъолияти ҳуқуқии ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ анҷом гирифт.
Таваҷҷуҳи вежа ба ҳамкориҳои Душанбе ва Ереван дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо инобати раёсати дарпешистодаи Тоҷикистон дар ин ниҳод, инчунин иштироки Арманистон дар кори Созмони ҳамкории Шанхай ба сифати шарики муколама карда шуд.
Машваратҳо дар руҳияи ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan