Мулоқоти вазир бо муовини дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ

13.09.2024 08:43

12 сентябри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) оид ба масъалаҳои башардӯстона, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, ҳамзамон фиристодаи махсус ин Созмон оид ба Афғонистон Тариқ Алӣ Бахитро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломӣ, инчунин дурнамои роҳандозии иқдомҳои якҷояро мавриди муқокима қарор доданд.

Мавриди зикр аст, ки рӯзҳои 12-13 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СҲИ зери унвони “Нақши олимон ва донишмандони тоҷик дар ташаккули фарҳанг ва тамаддуни исломӣ” баргузор гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим